04:02:04 10-уми Июни 2025 сол

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶАИ АФҒОНИСТОНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зулмай Расулро ба ҳузур пазируфт.

/images/stories/2011/07/28_afganistan_28.07.2011.jpgДар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисоду иҷтимоиёт баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ доир ба сохтмони роҳу пулҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқию хатҳои интиқоли нерўи барқ, ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикӣ ва транзитии кишварҳои минтақа зоҳир карда шуд. ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши робитаҳои дуҷонибаю минтақавӣ таъкид намуданд.

Таҳким ва рушди ҳамкории миёни ниҳодҳои қудратии ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин омодасозии кадрҳои низомии Афғонистон дар Тоҷикистон низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.

Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба мулоқоти сарони кишварҳои «Чоргонаи Душанбе» - Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд ва оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

President.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854