13:57:59 26-уми Июни 2025 сол

ДАР ДУШАНБЕ 18 НУҚТАИ ДАНДОНПИЗИШКӢ БАСТА ШУД

Хабаргузории REGNUM иттилоъ додааст, ки дар шаҳри Душанбе 18 нуқтаи хусусии дандонпизишкӣ баста шудааст.

Хадамоти беҳдоштии вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, дар натиҷаи тафтиш дар маҷмӯъ 24 нуқтаи тиббӣ дар шаҳри Душанбе баста шудаанд. Тафтиш нишон додааст, ки асноди ин нуқтаҳои беҳдоштӣ муназзам набудааст ва аз лиҳози беҳдоштӣ низ ин марказҳо ҷавобгӯи муқаррарот набудаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ