09:41:06 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭРОН ДАР БУНЁДИ СОХТУМОНҲОИ МАСКУНӢ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕКУНАД

Имрӯз 28-уми июл, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори Душанбе, омодагии бахшҳои хусусӣ ва давлатии кшварашро барои сохтани сохтмонҳои маскунӣ дар Тоҷикистон бо қиммати арзон ва болотарин стандартҳо дар ин кишвар эълон кард.

/images/stories/2011/07/29_ubaydulloev-sherdust_29.07.2011.jpgДар ин дидорбинӣ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон,  Али Асғари Шеърдӯст таъкид кард: «ҶИЭ омодаи интиқоли муттахассисони вазорати роҳ ва шаҳрсозӣ ва анбӯҳсозони мувофиқи бахши хусусии кишвар ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон аст». 

Вай бо ишора ба зилзилахез будани Тоҷикистон ва ин ки ин кишвар ниёзи мубрам ба стандартҳои сохт ва соз дар бахши маскан дорад, ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҳайати олирутбаи муташакил аз қабили Алии Некзод вазири роҳ ва шаҳрсозӣ бо ҳамроҳии гурӯҳе аз анбӯҳсозони бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ба Душанбе сафар кунанд то заминаи беҳтарин тарҳи сохту сози маскан дар ин кишвар фароҳам шавад.

Шаҳрдори Душанбе низ аз ин пешниҳоди сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол кард ва тавофуқ шуд дар аввалин фурсат ҳайати мазкур ба Тоҷикистон сафар кунад.

Ду тараф бо баёни он ки тамоми зерсохтҳо ва имконот барои тавсеаҳои ҳамкориҳо миёни ду кишвар вуҷуд дорад, бар зарурати эҷоди бистарҳои муносиб ҷиҳати афзоиши ҳаҷми мубодилот миёни Тоҷикистон ва Эрон таъкид карданд.

Ҳаҷми мубодилаи тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон дар соли гузашта 210 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар ин дидор зимни баррасии мазӯъҳои мавриди алоқаи ду кишвар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ Тоҷикистон хостори  мусоидати бештари Эрон дар табодули таҷрибаҳои худ дар бахшҳои илмӣ, саноатӣ ва технологӣ ба ин кишвар шуд.

Манбаъ: Хабаргузории «Ирно»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi