"ФАСОДКОРИИ" 19 МАҚОМИ МАҲАЛЛИИ ХАТЛОН ОШКОР ШУД
Бахши ожонсии мубориза бо фасод дар Хатлон дар нимсолаи аввал алайҳи 19 нафар аз кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар робита ба 50 ҷиноят парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ҷамшед Сангов, сардори бахши ожонсии мубориза ба фасод дар Хатлон гуфт, ин ҷиноятҳои сабтшуда ба фасод иртибот доранд. Вай афзуд, ки аксари ҷиноёти марбут ба фасод дар Хатлон дар нимсолаи аввал тавассути мақомоти иҷроияи маҳаллӣ содир шудааст.
Ғайр аз ин дар ин вилоят даст доштани чаҳор нафар аз кормандони Вазорати тандурустӣ дар судури 22 ҷиноят ошкор шуда ва ҳамчунин чаҳор нафар аз маъмурони кумитаи амнияти миллӣ бо чунин ҷиноятҳо гунаҳгор дониста шудаанд.
Би-Би-Си