ЧАҲОР ХОНАВОДАИ ТОҶИКИСТОНӢ АЗ РУСИЯ ДИПОРТ МЕШАВАНД
Чаҳор хонаводаи Тоҷикистон ба иттиҳоми гадоӣ аз шаҳри Челянбински Русия ихроҷ хоҳанд шуд. Игор Иванов, раҳбари бахши Вазорати умури дохилаи Русия дар шаҳри Челябинск ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, ки ин афрод аз Тоҷикистон ба хотири дарёфти кор ин шаҳр омада, ахиран бидуни сарпаноҳ монда ва ба гадоӣ машғул шудаанд.
Оқои Иванов гуфтааст, ҳамакнун аснод барои ихроҷи хонаводаҳои тоҷикистонӣ омода ва дар рӯзҳои наздик онҳо ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Гумон меравад, ин афрод куллӣ ё ҷӯгиҳои Тоҷикистон ҳастанд, ки дар бештари маворид худро тоҷик муаррифӣ карда ва умдатан ба гадоӣ машғул ҳастанд.
Ҳамчунин, дар ҳафтаи гузашта 21 наврасе, ки даст ба гадоӣ зада буданд, аз ҷониби ниҳодҳои интизомии шаҳри Челябинск боздошт шуда ва ба марказҳои иҷтимоъии ин шаҳр мунтақил шудаанд.
Бино ба иттилохи бахши Вазорати умури дохилаи Русия дар шаҳри Челябинск, дар ним соли ҷорӣ дар ин шаҳр 125 гадои наврас дастгир шудаанд, ки аз кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин вориди Русия шудаанд.
Би-Би-Си