03:56:14 10-уми Июни 2025 сол

ПОКИСТОН ҲАМКОРИҲОИ ГУСТАРДАИ ҲАСТАИРО БО ЧИН ХОСТОР ШУД

Рӯзномаи «Global Times»-и чинӣ, рӯзи чаҳоршанбе навиштааст, ки Сайид Навид Қамар, вазири федеролии об ва барқи Покистон дар мусоҳибае дар Пекин ин матлабро унвон кардааст.

/images/stories/2011/08/05_china-pakistan_5.8.2011.jpgВай дар сафорати Покистон дар Пекин гуфт: «Покистон ва Чин бояд ҳамкориҳои бештаре дар арсаи ҳастаӣ дошта бошанд». Вай афзӯд, ба таври куллӣ ду кишвар ба ҳамкории наздиктар ва бештар дар арсаи энергетика ва аз ҷумла ҳастаӣ, барқи ҳароратӣ, газ ва нафт ниёз доранд.

Аввалин нишасти кории энергетикаи Чин ва Покистон рӯзҳои аввал ва дуввми августи ҳафтаи ҷорӣ дар Пекин баргузор шуд ва раёсати муштараки онро Қамар бар ӯҳда дошт. Вай гуфт, ки дар ин нишаст дар бораи роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, баҳс ва табодили назар шуд ва нишаст бисёр муваффақ будааст.

Арзиши қарордодҳое, ки то поёни соли 2010 мелодӣ муассисоти чинӣ бо тарафҳои покистонӣ имзо карданд, 19 миллиарду 870 миллион доллар эълом шудааст. Чин як миллиарду 360 миллион доллар ба таври мустақим дар Покистон сармоягузорӣ кардааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854