01:09:47 02-уми Июли 2025 сол

ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТИ ҶАДИДИ ҲАВОИИ “ХАТЛОН ЭЙР”

“Хатлон Эйр” ширкати ҷадиди ҳавоии Тоҷикистон барои анҷоми парвозҳо муҷаввиз Созмони Ҳавонавардии Байналмиллалиро (ИКАО) дарёфт кардааст. Ба гуфтаи Анвар Давлатов, раиси “Хатлон Эйр”, ин ширкат акнун метавонад ба интиқоли мусофирон ва колову маводд тавассути чархбол ба Афғонистон машғул шавад.

/images/stories/2011/08/05_france_paratrooper_5.8.2011.jpgОқои Давлатов дар сӯҳбате бо Би-би-сӣ гуфт, ки бо дарназардошти рушди бозори ҳавонавардӣ дар Афғонистон, онҳо қасд доранд дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон бо ширкатҳои хориҷӣ рақобат кунанд.

Фирӯз Ҳамроев, муъовини вазири нақлиёти Тоҷикистон дар умури ҳавонавардӣ низ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ хабари оғози фаъолияти “Хатлон Эйр”-ро таъйид кард ва гуфт, ки коршиносони Идораи танзими ҳавонавардии Тоҷикистон баъд аз баррасии вазъи молӣ, кодрӣ ва фаннии чархболҳои ин ширкат, ба онҳо иҷозаи фаъолият додааст.

Вале Анвар Давлатов гуфт, дар оғози фаъолияти худ ин ширкат бо чанд мушкилоте рӯбарӯ шудааст: “Мадорики чархболҳо ва халабонҳои мо ба замони Шӯравӣ бармегарданд, вале ҳоло кишваре бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд надорад. Ба ин далел, мо ночор ҳастем, куллия аснодро муҷаддадан дар ниҳодҳои байналмиллалӣ сабт кунем.”

Оқои Давлатов афзуд, ҳоло ниҳодҳои вазорати дифоъ, марзбонӣ, Горди миллии Тоҷикистон ва ширкати “Тоҷик Эйр” низ чанд чархбол дар ихтиёр доранд, вале ба далели надоштани мадорики ҷадид аз ин чархболҳо низ ба сурати муассир истифода намешавад. “Хатлон Эйр” мехоҳад, аз ин чархболҳо ба сурати иҷора истифода кунад ва ҳамзамон аз ширкатҳои хориҷӣ низ миқдоре аз ҳеликуптарҳоро ба сурати лизинг ба иҷора бигирад.

Анвар Давлатов мутмаъин аст, ки “Хатлон Эйр” метавонад, дар бозори ҳавонавардии Афғонистон рақобат кунад, зеро халабонҳо ва кормандони ширкати "Хатлон Эйр" бо урфу одат ва забони муоширати сокинони ин кишвар ошноӣ доранд. Гуфта мешавад, ширкатҳои хориҷие, ки дар Афғонистон машғули ҳамлу нақли мусофирон ва колоҳо ҳастанд дар ин замина бо мушкилот рӯбарӯ мешаванд.

Аз сӯйи дигар, оқои Давлатов бовар дорад, ки бозори интиқоли мусофирон ва колову маводд тавассути чархбол дар Тоҷикистон низ дар солҳои наздик рушд карда ва дар ин кишвар низ ниёз ба ин навъи хадамот пайдо хоҳад шуд. То ҳоло дар Тоҷикистон танҳо се ширкати ҳавоӣ - ширкати давлатии “Тоҷик Эйр”, ширкатҳои хусусии “Сомон Эйр” ва “Ист Эйр” расман фаъолият доранд.

Аз ин миён танҳо “Тоҷик Эйр” чанд фарванд чархболи тавлиди замони шӯравиро дар ихтиёр дорад. “Сомон Эйр” ва “Ист Эйр” ба интиқоли мусофирон ва колоҳо танҳо тавассути ҳавопаймо машғуланд ва чархбол надоранд.

Вале, “Ист Эйр” ахиран бо мушкилоти марбут ба тағйири раҳбарият рӯбарӯст. Муассисони ин ширкат тасмим гирифтаанд, ки раҳбари “Ист Эйр”-ро иваз кунанд, вале раҳбарони пешин иддаъо доранд, ки ин амр ғайриқуонунист ба ин далел, дастур додаанд, ки ҳавопаймоҳои ин ширкат то замони ҳалли ин қазия аз Душанбе ба Қирғизистон мунтақил шаванд.

Ба ин тартиб, тайи ду ҳафтаи ахир ин ширкат танҳо "ба ном" вуҷуд дорад ва парвозҳои ин ширкатро "Тоҷик Эйр" анҷом медиҳад. Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ин амрро “рабудани ҳавопаймоҳои тоҷикистонӣ” унвон карда ва эълом доштанд, ки алайҳи ин ширкат “чораҳои қонунӣ” хоҳанд дид.

Дар гузашта аз талошҳои бархе аз туҷҷори тоҷик барои таъсиси ширкатҳои ҳавоӣ дар Тоҷикистон гузориш шуда буд. Вале ба далоили номаълум онҳо натавонистанд муҷаввизи парвоз дарёфт кунанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи онҳо, ин ширкатҳо кодрҳои ҳавонавардӣ ва ҳавопаймоҳоро низ дар ихтиёр доштанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ