22:42:21 05-уми Июни 2025 сол

АБДУЛҚОДИРЗОДА СОҲИБКОРОНРО БА АДЛУ ИНСОФ ҲИДОЯТ КАРД

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бо соҳибкорони бозори «Шоҳмансур» - и пойтахт мулоқот анҷом дод.

Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ зимни мулоқоти худ роҷеъ ба фазилат ва фалсафаи бузурги моҳи мубораки Рамазон сӯҳбат карда, соҳибкоронро ба адлу инсоф, ҳимматбаландию хайрхоҳӣ дар ин моҳи шариф ҳидоят намуд. Раиси Шӯрои уламо доир ба инсофу ҳимматбаландӣ, хайру эҳсон ва дар ин моҳи муборак кӯмак расонидан ба ятимону барҷомондагон ва мардуми камбизоат ривоят намуда, гуфт ки як амали нек баробар ба як амали фарз буда, як амали фарз баробар бар 70 амали фарз аст.

Сарвари мусулмонони кишвар зикр кард, ки дар баробари тоату ибодат ва қироати Қуръони азимушшаън дар ин моҳ бояд ҳар фарди мусулмон, бахусус соҳибкорон, ки дар мағозаю бозорҳо ба фурӯши молу маҳсулоти ниёзи мардум машғуланд, аз ҳар гуна кирдорҳои ношоиста, хусусан дурӯғгӯию мардумфиребӣ ва беинсофӣ ҳазар намуда, ба эҳсонкорӣ ва корҳои хайру савоб даст зананд. Зеро ба ҷо овардани чунин фазилатҳои неки инсонӣ, арҷгузории мусулмонон ба фармудаҳои илоҳӣ, дини мубини ислом ва рисолати моҳи мубораки Рамазон аст.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе, ки 1 августи соли равон баргузор шуд, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дода буд, ки дар мавриди дар моҳи Рамазон аз рӯи инсоф ба фурӯш гузоштани маҳсулоти хӯрокӣ дар бозорҳои пойтахт аз нерӯи имомхатибон ва дигар ходимони дин истифода карда шавад.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854