БОЗДОШТИ АФРОДИ МУТТАҲАМ ДАР ИРТИБОТ БО “ТЕРРОРИСТҲО” ДАР ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН
Додгоҳҳо ахиран ҳукми боздошти чанд нафари мазнун дар иртибот доштан бо ҷонибдорони ҶИӮ дар шимоли кишварро содир кардаанд. Вакилони мудофеъи бархе аз ин афрод мегӯянд, муввакилонашон умдатан барои огоҳ насохтани мақомот аз буду бош ва ё фаъолиятҳои “террористон” муттаҳам шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки манобеъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои шарҳи ин хабар ҳозир нашуданд. Ба гуфтаи яке аз вукалои мудофеъ, ахиран додгоҳҳо ҳукми боздошти ҳудуди 15 нафарро содир кардаанд, ки бештаре аз онҳо дар ҷурми иртибот доштан бо ҷонибдорони Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон муттаҳам шудаанд.
Вакили мудофеъи яке аз ин муттаҳамон мегӯяд, ки муваккилаш як сокини кишоварзи ноҳияи Исфара будааст, ки заминҳои шолӣ доштааст. Мақомот гуфтаанд, ки гурӯҳи террористон аз заминҳои шоликоришудаи ин мард убур кардаанд ва соҳиби ин мазореъро дар иттилоъ надодан ба мақомот муттаҳам карданд.
Маъмурони амниятӣ бар ин боваранд, ки соҳиби заминҳои шолӣ дар бораи гурӯҳи мавриди пайгарди қонунӣ қарордошта иттилоъи дақиқ доштааст. Вале ин шоликори исфарагӣ гуфтааст, ки ҳамарӯза даҳҳо нафар аз мазраъаи ӯ убур мекунанд ва ӯ аз “терурист” будани ҳеҷ кадоме аз онҳо огоҳӣ надорад.
Ин манбаъ афзуд, ки як ҷавони 22-солаи шаҳри Хуҷанд низ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҷонибдорони ҶИӮ боздошт шудааст. Маъмурони амниятӣ иддаъо доранд, ки се сол қабл ин ҷавони хуҷандӣ чанд тан аз пайкорҷӯёнро дар манзили худ ҷо додааст.
Вале, ба гуфтаи вакили мудофеъ, волидайни ин ҷавон мегӯянд, ки бо писари худ дар як оппортумон зиндагӣ доштанд ва ҳузури афроди бегона дар ин оппортумон ба сар набурдаанд. Ин дар ҳолест, ки ҷавони муттаҳамшуда тӯли се соли ахир дар шаҳри Маскав ба сар бурда ва тоза ба Тоҷикистон баргаштааст.
Вакили мудофеъ мегӯяд, ки ин ҷавон низ ба “нарасонидани иттилоъ дар бораи фаъолиятҳои теруристӣ ва экстремистӣ” мазнун дониста шудааст. Дар чанд моҳи ахир мавзӯъи “огоҳ насохтани мақомоти амниятӣ” аз фаъолиятҳои пайкорҷӯён ба мавзӯъи доғе дар Тоҷикистон табдил шудааст. Дар шарқи Тоҷикистон чанд нафар ба иттиҳомми мушобеҳ дар мавриди зиндониёни фирорӣ ва фаъолияти гурӯҳи “Мулло Абдулло” боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
Ҳамчунин падари Аловуддин Давлатов, муллақаб ба “Алии Бедакӣ” , яке аз пайкорҷӯён, ки дар авоили имсол аз сӯйи ниҳодҳои амниятӣ дар шарқи Тоҷикистон кушта шуда, барои иттилоъ надодан аз фаъолиятҳои писараш боздошт шудааст. Дар ҳамин ҳол, додгоҳи вилояти Суғд муҳокимаи парвандаи ҷиноӣ алайҳи 53 нафар сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва Исфараро идома медиҳад.
Ин афрод дар иртикоби ҳамлаи интиҳорӣ ба сохтмони бахши ҷароими созмонёфтаи пулиси вилояти Суғд дар моҳи сентябри соли гузашта мутаҳҳам шудаанд. Бархе аз соҳибназарон даст доштани куллияи н афрод дар аъмоли теруристиро баъйид медонанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, дар сурате, ки ин теъдоди сокинон барои анҷоми амали теруристӣ омодагӣ дошта бошанд, пас суоли матраҳ ин аст, ки чаро ниҳодҳои амниятӣ аз ин кор ғофил мондаанд.
Аз сӯйи дигар, дар чанд соли ахир теъдоди зиёде аз сокинони ин минтақаи Тоҷикистон ба ҷурми иртибот бо Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, Ҳизби Таҳрир ва Байъат боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.
Би-Би-Си