МАСКАВ МУХОЛИФИ ИҚДОМИ НИЗОМИИ НАТО АЛАЙҲИ СУРИЯ МЕБОШАД
Намояндаи Русия дар НАТО рӯзи ҷумъа таъкид кардааст, ки кишвараш бо бакоргирии нерӯи низомӣ алайҳи Сурия мухолиф аст.
Ба гузориши хабаргузории «Ирно» ва ба нақл аз пойгоҳи хабарии «Аллам», Дмитрий Рагозин, намояндаи Русия дар НАТО ёдовар шудааст, ки НАТО барномарезӣ барои амалиёти низомӣ алайҳи Сурияро оғоз кардааст, аммо Маскав ҳамонгуна, ки бо амалиёти низомӣ алайҳи Либия мухолифат кард, бо истифода аз қудрати низомӣ алайҳи Сурия низ мухолифат мекунад.
Вай афзуд, воқеият ин аст, ки НАТО танҳо дар низомҳо ва ҳукуматҳое, ки бо назароти кишварҳои ғарбӣ ҳамақида нестанд, мудохилаи низомӣ менамояд.
Намояндаи Русия дар НАТО, бо ибрози нигаронии кишвараш аз барафрухтани оташи ҷанги густарда дар минтақа афзуд: «Русия аз ҳамлаи НАТО ба Либия дарс гирифтааст ва бо ҳар қатъномаи таҳмилӣ алайҳи Сурия дар Шӯрои Амният мухолифат мекунад».
Вай ҳамчунин афзуд, ки паёмадҳои даргириҳои густарда дар шимоли Амриқо метавонад ба вайронии ҳамаи ҷаҳон мунҷар шавад.
Бояд гуфт, ки Фуг Росмуссен, дабири кулии НАТО ахиран эълон карда буд, ки бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълӣ, мудохилаи низомии НАТО дар Сурия аз эҳтимол дур нест.
«Рӯзгор»