01:01:13 25-уми Июни 2025 сол

ОТАШСӮЗИИ БУЗУРГ ДАР БОЗОРИ КОРВОН

Дар Корвон, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳумаи он, оташсӯзии бузурге ба амал омадааст. Иттилоъе дар бораи хисорот ва талафот аз ин оташсӯзӣ ҳанӯз пахш нашудааст.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки оташсӯзӣ ҳудуди соъати ҳашти субҳ аланга задааст. Ба гуфтаи онҳо дар ҳоли ҳозир гурӯҳҳои оташнишонӣ дар маҳалли ҳодиса фаъолият доранд ва соҳибони дӯконҳои наздик ба маҳалли оташ дӯконҳояшонро аз молу колоҳо тахлия мекунанд.

Ба гуфтаи шоҳидон оташсӯзӣ аз дарвозаи як то дарвозаи дуввуми бозори Корвон паҳн шуда ва дасти кам панҷ фурӯшгоҳи бозор ба коми оташ рафтааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ