00:43:02 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ КОРИ ГУМРУКЧИЁНРО ОСОН МЕКУНАД

Дирӯз, 8-уми август, дар Душанбе маросими ифтитоҳи расмии фаъолияти Маркази хизматрасонӣ барои системаи автоматигардонидашудаи гумрукии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки дар он Кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Сара Пенҳюн ва Муовини аввали роҳбари Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Неъмат Раҳматов ширкат намуданд.  

/images/stories/2011/08/09_gumruk_9.8.2011.jpgНормафзори Маркази хизматрасонӣ бо кӯмаки Лоиҳаи минтақавӣ оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ  (USAID RTLC) таҳия гаштааст. Маркази хизматрасонӣ барои Системаи иттилоотии автоматикунонидаи ягона аҳамияти ёрирасон дорад, ки ба сарфаи  вақту хароҷоти соҳибкорон ва кормандони гумрук мусоидат  хоҳад кард.

Ҳангоми суханронияш хонум Пенҳюн чунон иброз дошт: «Истифодаи самараноки низоми автоматигардонидаи гумрукӣ рағбату ҳавасмандиро ба тиҷорат зиёд карда, рушди иқтисоди ва ғанигардонии буҷаро аз ҳисоби андоз таъмин менамояд, инчунин ба коҳиши сатҳи фасод мусоидат мекунад.» 

/images/stories/2011/08/09_gumruk2_9.8.2011.jpgГунтис Штамерс, коршинос аз Лоиҳаи USAID RTLC оид ба  технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи гумрук иброз дошт, ки: «Маркази хизматарсонӣ ҳамчун нуқтаи дастрасии иттилоотӣ барои истифодабарандагони системаи зерин ҳангоми рух додани мушкилӣ хизмат хоҳад кард. Нормафзори дар чорчубаи Маркази хизматрасонӣ таҳия гашта фаъолияти пайваста, босуръат ва самараноки онро таъмин мекунад.» 

Лоиҳаи Минтақавии USAID оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукӣ яке аз барномаҳои зиёди ба рушди кишвар нигаронида шудаест, ки ба шарофати дастгирии мардуми Амрико имконпазир гардида, тавассути USAID дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. Шурӯъ аз соли 1992 мардуми Амрико тавассути Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе тахминан 984 миллион доллари амрикоиро барои барномаҳои кӯмакрасон ба Тоҷикистон дар самтҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодӣ маблағгузорӣ кардаанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi