02:49:01 01-уми Июни 2025 сол

САИДҚУЛ АШӮРОВ - "ҶОСУС"-И ТОҶИКИСТОН?

Дар Узбакистони ҳамсоя муҳокимаи шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистон Саидқул Ашӯров идома дорад. Ба гуфтаи наздикону як вакили дифоъаш, ӯ бар хилофи тамоми меъёрҳо ғайриқонунӣ боздошт шудааст ва ҳоло ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам мекунанд. Саидқул Ашӯров, ки Африқои Ҷанубии дурдастро гузошта наздиктар ба аҳли хонаводааш, барои кор ба кишвари ҳамсоя Узбакистон омада буд, шояд ҳеҷ гоҳ тасаввур намекард, ки ӯро ба ҷосусӣ ва аз дидори азизонаш маҳрум мекунанд.

ПАНҶ МОҲ БОЗ ДАР БОЗДОШТ

/images/stories/2011/08/10_saidqul-shurov_10.8.2011.jpgХонавода ва наздикони Саидқул Ашӯров, як сокини шаҳри Панҷакент ва аз муҳандисони соҳибтаҷрибаи тоҷик, аз рӯзи 5-уми март то кунун хобу оромиш гум кардаанд, ки дар ҳамон рӯз дар Узбакистон боздошт ва сипас ба ҷосусӣ муттаҳам шуд. Саидқул Ашӯров аз он рӯз то кунун танҳо як маротиба бародараш Облоқул Ризоев дидааст, дигар зану се фарзанди ноболиғашро мақомоти Ӯзбакистон аз дидори ӯ маҳрум кардаанд.

Саидқул Ашӯров, ки муҳокимааш паси дарҳои бастааш дар Додгоҳи низомии Узбакистон идома дорад, сармуҳандиси ширкати муштараки Узбакистону Бритониё “Конҳои тиллои Амантантау” аст, ки ду тараф сари он кашмакашу ҷанҷол доранд. Роберт Амстердам, вакили дифоъи ширкати “Оксус Голд”-и Бритониё, молики 50 дар сади саҳмияҳои ширкати муштарак мегӯяд, боздошти Саидқул Ашӯров, як нақзи фоҳиши ҳуқуқи инсон аз тарафи мақомоти Узбакистон аст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: Ҷаноби  Ашӯров аз тарафи мақомоти Узбакистон бо баҳонаҳои бофтаи навъе ҷосусӣ худсарона боздошт шудааст. Ҳеҷ заминаи қонунӣ барои боздошти ӯ вуҷуд надорад“.

БОЗДОШТ БАРОИ "ҶОСУСӢ"

Ба гуфтаи Роберт Амстердам ва Облоқул Ризоев бародари Саидқул Ашӯров, бо худ доштани як флешдиск ва компютер кофӣ будааст, ки шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷосусӣ, ишфои асрори давлатӣ ва убури ғайриқонунии марз муттаҳам кунанд. Талоши Радиои Озодӣ барои сӯҳбат бо мақомоти интизомии Узбакистон ҳеҷ натиҷае надод.

Вале Сӯҳроб Исмоилов, раҳбари як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Узбакистон ва мушовири ширкати “Оксус Голд” ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Узбакистон, иттилооти мавҷуд дар бораи захираҳои тиллои минтақаи Амантантау дар флешдискро, сирри махфӣ хондаанд, агарчӣ он барои Саидқул Ашӯров иттилоъи оддии корӣ буда ва барои умум дастрас будааст: “Бисёри иттилооти мавҷуд дар флешдиск, тақрибан 99 дарсади онҳо сирри махфӣ нест ва инро додгоҳ ҳам собит кард ва ин иттилоъро озодона аз интернет метавон гирифт. Баъзе аз он иттилоот дар торнамои ширкати муштарак гузошта шудааст. Дар онҷо фақат як санад буд, ки роҳҳои интиқоли тиллоро нишон медиҳад, ки он ҳам аз соли 2009 ва аҳамияташро аз даст додааст. “

АШӮРОВ ИТТИҲОМОТРО РАД МЕКУНАД

Ба гуфтаи Сӯҳроб Исмоилов, ки бо вакили дифоъи Саидқул Ашӯров дар иртибот будааст, ӯ тамоми иттиҳомотро рад мекунад, бо вуҷуди онки таҳти фишори равонӣ аз тарафи маъмурони амниятӣ қарор гирифтааст. Худи вакили дифоаш Мақсуд Тулканов аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ кард, зеро Кумитаи амнияти миллии Узбакистон ӯро аз ҳаққи сӯҳбат доир ба ин парванда маҳрум кардааст.

Облоқул Ризоев, бародари Саидқул Ашӯров мегӯяд, тамоми ҷаҳду талошҳояшон барои расидагӣ ба сарнавишти бародараш натиҷа надодааст: “Ба ягон кас нишон намедиҳанд, гап заданӣ иҷозат намедиҳанд, хешу таборро диданӣ иҷозат намедиҳанд. Мо ба Созмони Милал, Кумиссариёи олии ҳуқуқи инсони СММ муроҷиат кардем, ҳеҷ, ба Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё муроҷиат кардем, ҳеҷ.”

ТОҶИКИСТОН ХОСТОРИ РАҲОИИ АШӮРОВ ШУДААСТ

Ҳукумати Тоҷикистон ҳам аз давлати Узбакистон хостааст, то ба дипломатҳои кишвар барои ҳузур дар муҳокимаи Саидқул Ашӯров иҷоза диҳанд, аммо посухи онҳо сукут будааст. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷа дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Сафорати мо дар Тошканд ба вазорати корҳои хориҷии Узбакистон ёддошт фиристодааст, бо мақсади шинос шудан ба ин қазия ва дар муҳокимаи додгоҳии ин шахс иштирок кардан, лекин то ҳозир аз ҷониби Узбакистон ҷавоб нагирифтаанд."

Облоқул Ризоев, Роберт Амстердам ва Сӯҳроб Исмоилов мегӯянд, зоҳиран Саидқул Ашӯров, ки се фарзанди ноболиғаш муштоқи дидори падар ҳастанд, қурбонии кашмакашҳои “Оксус Голд” бо давлати Узбакистон ва ҳам муносиботи бади ин кишвар бо Тоҷикистон шудаанд: “Ду сабаб вуҷуд дорад, якум ин, ки Саидқул, яке аз мақомҳои баланди Оксус буд ва дуввум ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст ва мо медонем, ки ҳарду ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбакистон ҷосусбозӣ мекунанд. Тоҷикҳо ҷосусҳои моро медоранд ва узбакҳо ҷосусҳои Тоҷикистонро. Аз ин рӯ, ба андешаи мо шаҳрвандии Саидқул баҳонаи муносибе барои давлати Узбакистон шуд“.

"ҶОСУСБОЗИҲО"-И ТОҶИКИСТОН ВА УЗБАКИСТОН

Дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир, чандин нафар аз шаҳрвандони Узбакистон ва худи Тоҷикистонро бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Тошканд ба зиндон андохтаанд. Аммо дар ин миён ҳоло Саидқул Ашӯров ранҷ мекашад, ки ба гуфтаи Сӯҳроб Исмоилов, баъди боздошт ба бемории зардпарвинаш бастаи бемориҳои дигар, илтиҳоби шуш, бавосир изофа шудааст ва дар шароити зиндон дармони ин бемориҳо ғайримумкин аст. Вакилони дифоъаш, хостаанд, додгоҳ ӯро бо назардошти далоили инсондӯстӣ раҳо кунад.

Додгоҳ, ки то рӯзи 15-уми август муҳокимаи Саидқул Ашӯровро ба поён мерасонад, ду иттиҳом алайҳи ӯ ифшои асрори давлатӣ ва убури ғайриқонунии марзро беасос донистааст, вале иттиҳоми аслӣ, яъне ҷосусӣ боқӣ мондааст ва барои ин ба гуфтаи Сӯҳроб Исмоилов, қонуни Узбакистон 10 соли зиндон муқаррар кардааст.

Тоҳири Сафар, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854