00:49:24 25-уми Июни 2025 сол

ОБАМА МАСОИЛИ АМНИЯТӢ ВА ҲАМКОРИРО БО КАРЗАЙ БАРРАСӢ КАРД

Барак Обама ва Ҳомид Карзай президенти Амрико ва Афғонистон раванди интиқоли масъулияти таъмини амният дар Афғонистон ба нерӯҳои мусаллаҳи афғониро баррасӣ карданд, хабар медиҳад, хабаргузории РИА «Новости» бо такя ба дафтари матбуотии Кохи сафед.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки «Барак Обама конфронси телефонӣ бо Ҳомид Карзай дошт, ки тайи он сарони ду кишвар як сари аз масоиле, аз ҷумлаи раванди интиқоли масъулияти таъмини амният дар кишвар ба нерӯҳои миллии Афғонистон, ки соли 2014 ба таври комил анҷом хоҳад шудро баррасӣ карданд. Ҳамчунин таҳкими мушоракат дар муддати стратегӣ низ яке аз мавзӯъоти мавриди баҳс буд».

Карзай ҳамчунин бар баъди ҳукумати Афғонистон аз сулҳ ва тавсеъаи минтақа таъкид кард. Обама ва Карзай ҳамчунин қавл доданд, ки равобити ду кишвар тавсеъа пайдо кунад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ