08:14:06 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВАЗИРИ КИШВАРИ ПОКИСТОН: МУНОҚИШАИ КАРОЧӢ МАНШАЪИ ҚАВМӢ ВА СИЁСӢ ДОРАД

Вазири кишвари Покистон, бо таъкид бар ин, ки мушкилоти Карочӣ маншаъи қавмӣ ва сиёсӣ дорад, гуфт: «Як кумитаи муташаккил аз намояндагони порлумон ва давлат ба зудӣ барои ҳалу фасли мушкилоти ин шаҳр ташкил хоҳад шуд».

/images/stories/2011/08/15_vaziri-pokiston_15.8.2011.jpgБа гузориши «Ирно», Раҳмон Молик, вазири кишвари Покистон, якшанбе шаб дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Исломобод афзуд: «Давлат ниёзманди иҷрои як барномаи баланд муддат, ба манзур ҳалу фасли мушкилоти шаҳри Карочӣ аст».

Дар ду моҳи гузашта бо боло гирифтани даргирҳо ва хушунатҳо дар Карочӣ беш аз 300 нафар аз мардуми бегуноҳи ин шаҳр кушта шуданд. Вай дар бораи бомбгузориҳои ахир дар иёлоти Балуҷистон низ гуфт: «Теъдоде аз афроди хабробкор дар иёлоти Балуҷистон мушкилоти амниятӣ барои шаҳрвандон эҷод карданд ва ҳатто харобкориҳои худро бар хилофи қонун дар рӯзи истиқлоли Покистон низ идома доданд. Ҳатто рӯзи якшанбе таркиши бомб дар яке аз меҳмонхонаи ин иёлот, боиси кушта шудани 11 нафар шуд».

Вазири кишвари Покистон афзуд: «Бинобар гузоришҳои расида, террористҳо дар солрӯзи истиқлоли Покистон барои як амалиёти бузурге дар Исломобод барномарезӣ карда буданд, ки бо талоши нерӯҳои амниятӣ, натавонистанд ба ҳадафи худ, дар пойтахти Покистон даст ёбанд».  

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi