13:05:35 01-уми Июли 2025 сол

МАРГИ ДУ НАФАР БАР АСАРИ ҒАРҚШАВӢ

Дар чор рӯзи ахир дар Тоҷикистон ду нафар дар рӯдхонаҳо ғарқ шудаанд. Бино ба иттилоъи Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 13 август, Сайвалӣ Шералиев, сарбози Вазорати дифоъи ин кишвар дар рӯдхонаи Зарафшон, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон ғарқ шудааст.

Ин манбаъ гуфт, бо вуҷуди анҷоми корҳои ҷустуҷӯйӣ то ҳол ҷасади ин сарбоз пайдо нашудааст. Бар асоси хабари дигар, як сокини 21-солаи рустои Лойобаи ноҳияи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон низ ба ҳангоми оббозӣ дар рӯдхонаи Сурхоб зери об рафта ва то ҳол ҷасади ин ҷавон кашф нашудааст.

Тибқи иттилоъи Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 63 нафари ғарқшуда ҷон бохтаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондоди давраи мушобеҳи соли гузашта ду баробар афзоишро нишон медиҳад. Дар моҳҳои июл ва августи соли ҷорӣ, теъдоди талафоти ҷонӣ бар асари ғарқшавӣ беш 25 нафар расидааст.

Женерол Ҳайбулло Латифов, раиси Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар моҳи гузашта таъкид дошт, оббозӣ дар манотиқи мамнӯъ, бахусус, дар рӯдхона ва кӯлҳое, ки нуқтаҳои наҷот вуҷуд надорад, мунҷар ба ғарқ шудани сокинон, бахусус, кӯдакон ва навҷавонон гардидааст.

Ба гуфтаи оқои Латифов, мавориди ғарқшавӣ умдатан дар рӯдхонаи Сирдарё, Зарафшон, Кофарниҳон ва каналу кӯлҳо дар вилояти Хатлону ноҳияи Рӯдакӣ иттифоқ афтодааст. Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардаанд, то барои оббозӣ дар ҳар гуна макони хатарнок аз ҷумла, рӯдхонаҳои кӯҳистонӣ худдорӣ кунанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ