АМРИКО: ДАВРОНИ ҲУКУМАТИ ҚАЗЗОФӢ РӮЗҲОЕ БА ШУМОР МОНДААСТ
Мақомҳои Кохи сафед мегӯянд, ки Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия вопасин рӯзҳои худро мегузаронад ва даврони ҳукумати ӯ рӯзҳое ба шумор мондааст, хабар медиҳад, хабаргузории «Ирно».
Ба гузориши хабаргузориҳо, Леон Понетто, вазири дифои Амрико, рӯзи сешанбе гуфтааст, ки нерӯҳои Қаззофӣ ба ақиб ронда шудаанд. Гузоришҳое ҳам вуҷуд дорад, ки яке аз мақомҳои аршади дастгоҳи амниятии Либия ҳикоят мекунад. Ба гуфтаи Понетто, нерӯҳои Қаззофӣ заъф шудаанду сарпечии сарони амниятӣ нишонгари шиддати заъфи онҳо аст.
Вай дар ҷаласае бо ҳузури Ҳилари Клинтон, вазири хориҷаи Амрико сухан мегуфт, чунин изҳори назар кард, ки рӯзҳои ҳукумати Қаззофӣ ба шумор афтодааст.
Аз сӯи дигар, инқилобгарони Либия бо касби пирӯзиҳои тоза дар майдони ҷанг мавзеъи худро тақвият кардаанд. Онҳо даъвогаранд, ки ҷанги дохилии шашмоҳи Либия, вориди марҳилаи таъйинкунанда шудааст ва метавонад то чанд ҳафтаи дигар поён ёбад.
Инқилобгарони Либия, ки хостори суқут кардани ҳукумати Қаззофианд, дар ду-се рӯзи гузашта, тавонистанд ду шаҳрро дар наздикии Таробулс ба тасрифи худ дароваранд. Бо тасхири ин ду шаҳр, ки аз аҳамияти стратегӣ бархӯрданд, роҳҳои таъмини тадорукот барои пойтахти Либия қатъ шудааст.
«Рӯзгор»