ТОРИҚ АЗИЗ ХОҲОНИ ЭЪДОМИ ҲАРЧӢ САРЕЪТАРИ ХУД ШУД
Ториқ Азиз, вазири собиқи умури хориҷаи Ироқ ва муовини Саддом Ҳусейн дар номае ба Нури Моликӣ нахуствазири ин кишвар, хоҳони иҷрои ҳарчӣ сареътари ҳукми эъдоми худ шуд.
Тибқи хабаргузории «Ирно», пойгоҳи хабарии «Ал-ҷазира» субҳи панҷшанбе дар ин хусус навиштааст, ки вакили Ториқ Азиз хотирнишон сохта, ки Азиз аз вай хостааст, номае ба Нури Моликӣ нахуствазири Ироқ бинависад, то ӯ дастур диҳад, дар сареътарин замони мумкин ҳукми эъдомаш иҷро шавад, зеро вазъияти ҷисмонии вай бисёр бад ва вахим аст.
Вакил таъкид кардааст, ки Ториқ Азиз аз бемории диабет, фишори хуни боло ва тапиши қалб, захми меъда, простатит ранҷ мебарад. Азиз ҳамчунин аз тариқи вакилаш ду нома ба Ҷалол Толибонӣ ва Масъуд Барзанӣ навишта ва аз Ҳуснӣ Ашшамрӣ, вазири додгустарӣ ба далели хушрафторӣ бо вай дар дохили зиндон ташаккурӣ кардааст.
Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки пеш аз ин хонаводаи Ториқ Азиз аз ҷомеаи байналмилал ва созмонҳои ҳуқуқи башар хоста буданд, ки бар давлати Ироқ фишор оваранд то ҳар чи сареътар вайро озод кунанд, зеро вазъи ҷисмонии вай бисёр вахим аст ва имконоти пизишкии лозима дар ихтиёри ӯ нест.
Додгоҳи олии ҷиноятии Ироқ 26-уми моҳи октябри соли гузашта, Ториқ Азиз ва шуморе аз мақомоти собиқи режими Саддомро ба эъдом бо таноби дор маҳкум кард.
Тариқ Азиз 74 сола, ки дар соли 2003 худро таслими нерӯҳои амрикоӣ кард, танҳо мақоми масеҳӣ дар замони режими Саддом буд ва пеш аз ин ба иттиҳоми куштори даҳҳо нафар аз бозаргонон дар соли 1992 ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд.
«Рӯзгор»