19:04:33 01-уми Июли 2025 сол

СОЗИШНОМАИ БАЙНИ КЕН ГРОСС ВА САЙМӮМИН ЯТИМОВ

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гросс ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов Ислоҳоти рақами 11 ба Созишномаи байни Ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқро ба имзо расониданд. 

/images/stories/2011/08/19_sozishnoma_1-19.8.2011.jpgТибқи хабари дафтари матбуотии сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ҳукумати ИМА ӯҳдадор шудааст, ки тавассути пешниҳоди барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизот, инфрасохтор ва коршиносӣ барои тақвияти амнияти марзҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон беш аз 7 миллион доллари ИМА ҷудо мекунад.

Кӯмаки мазкур ба иҷроиши раванди ислоҳоти милиса ва татбиқи Стратегияи миллии марзбонии Ҳукумати Тоҷикистон мусоидат мекунад. Он инчунин аз кӯшишҳои Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад ва барои муассисаҳои соҳаи адлияи кишвар омӯзиш доир менамояд ва кӯмаки ташкилотӣ мерасонад.

/images/stories/2011/08/19_sozishnoma_2-19.8.2011.jpgБо кӯмаки созмонҳои ғайриҳукуматии маҳалливу байналмиллалӣ он дастгирии кӯшишҳои Тоҷикистонро ҷиҳати мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон идома медиҳад. Ҳукумати ИМА омодааст мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои соҳаи адлияро дастгирӣ намояд ва мунтазири давомдиҳии ҳамкории зич баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштараки оянда мебошад.

Бо кӯмаки мазкур Барномаи Сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба мардуми Тоҷикистон аз соли 2003 барои дастгирии соҳаҳои амният ва адлия беш аз 41 миллион доллари ИМА масраф кардааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ