08:55:15 29-уми Апрели 2025 сол

Э.РАҲМОН АЗ САФИРОНИ БЕЛОРУС, ҚАЗОҚИСТОН ВА ПОКИСТОН ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус ва сафирони нави Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.

/images/stories/2011/08/19_belorus_19.8.2011.jpgБа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахустин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус Олга Гаврук, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Агибай Смагулов ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Амҷад Ҳусайн Баракатулло Сиал эътимоднома супурда, изҳор доштанд, ки барои рушди минбаъдаи муносиботи кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош хоҳанд кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо таъин шуданашон ба роҳбарии намояндагии дипломатии кишварҳои худ дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон дар рушди муносиботи дўстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон барору комёбӣ таманно намуд.

Муносиботи Тоҷикистон бо ин се кишвар бо назардошти имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ ва заминаи васеи қарордодӣ - ҳуқуқӣ дорои дурнамои хубу пурманфиат барои ҳамаи ҷонибҳо арзёбӣ гардид.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ