ҚАЗЗОФӢ БАРОИ ФИРОР ДАР ҲОЛИ МУЗОКИРА БО ДАВЛАТИ АНГЛИЯ АСТ
Манобеъи ғарбӣ эълом карданд, ки Муаммар Қаззофӣ бемор аст ва намояндаи ӯ бо намояндагони Англия ва Фаронса барои хуруҷи ӯ аз ин кишвар музокира карданд.
Тибқи хабаргузории «Форс», дар ҳоле, ки Шӯрои миллии интиқолии Либия вуруди худ ба ҳаргуна музокира бо Муаммар Қаззофӣ ҳокими Либияро такзиб кардааст, манобеъи ғарбӣ аз музокираи намояндаи Қаззофӣ бо намояндагони Англия ва Фаронса хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузориҳо, Қаззофӣ бемор аст ва Башир Солеҳ мудири дафтари худро ба Тунис эъзом кардааст, то бо намояндагони Фаронса ва Англия дидор кунад. Ин манобеъ эълом карданд, ки ҳадафи Қаззофӣ аз эъзоми намояндаи худ баррасии чигунагии хуруҷи худ ва хонаводаи ӯ аз Либия будааст, зеро ба гуфтаи ин манобеъ вай бемор аст ва ба дармони фаврӣ дар хориҷ аз Либия ниёз дорад.
Бинобар ин гузориш, бисёре аз масъулон дар Шӯрои миллии интиқолии Либия бо ҳамроҳии дипломатҳои ғарбӣ дар Қоҳира ва Таробулс, таъкид карданд, ки гузоришҳои пизишкӣ вуҷуд дорад, нишон медиҳад, ки Қаззофӣ ба бемории сахте дучор шудааст ва ба ҳамин далел тавоноии худро аз даст дода ва ба монанди қабл фаъол нест ва бештар бо телефон сӯҳбат мекунад.
Рӯзномае низ эълом карда, ки мудири дафтари Қаззофӣ пинҳонӣ бо масъулоне дар раёсатҷумҳурии Фаронса ва вазорати хориҷаи Англия дидор кардааст, то роҳи хуруҷи Қаззофӣ ва хонаводаи вай барои хуруҷ аз Либия фароҳам шавад.
«Рӯзгор»