12:44:47 01-уми Июли 2025 сол

САЙФУЛИСЛОМ ҚАЗЗОФӢ: КОНТРОЛИ ПОЙТАХТ ДАР ДАСТИ ҲУКУМАТИ ҚАЗЗОФӢ АСТ

Сайфулислом Қаззофӣ, писари марди қудратманди Либия иддао карда, ки режими Муаммар Қаззофӣ ҳамчунон контроли Таробулс, пойтахти ин кишварро дар даст дорад.

/images/stories/2011/08/23_sayfulislam-kaddafi_23.8.20.jpgТибқи гузориши хабаргузории «Фаронса» аз Таробулс, вай дар хориҷ аз боб Азизия, муҷтамаъи маскунии Қаззофӣ ба хабарнигорон гуфт: «Таробулс таҳти контроли мост. Ҳама бояд мутмаъин бошанд, дар Таробулс ҳама чиз хуб аст».

Писари Қаззофӣ хитоб ба гурӯҳи кӯчаке аз хабарнигорон афзуд: «Шумо шоҳид будед, ки чигуна мардум аз ҷо бархостанд ва бо шӯришиён, ки вориди Таробулс шуданд, муқобила карданд».

Сайфулислом Қаззофӣ бо ишора ба паёмҳои телефоние, ки барои сокинони Таробулс ирсол шуда буд, гуфт: «Ғарб аз фановарии болоӣ бархӯрдор аст, ки сомонаҳои мухобиротиро забт карда ва паёмҳое барои мардум фиристодааст».

Вай афзуд, ки ин як ҷанги фановарӣ ва расонаӣ аст, ки муҷиби харҷу марҷ ва террор дар Либия мешавад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ