10:51:34 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Писарони Лангариев ва Сангак Сафаров маҳкум ба ҳабси абад

Дар асоси ҳукми Додгоҳи олӣ, ки рӯзи 7 апрел содир шуд, 11 нафари дигар аз аъзои ин гурӯҳ аз 8 то ба 21 сол равонаи зиндон шуданд, Ш. Набиев, А, Лангариев, Б. Холмаҳмадов, Р.Таваккалов, Б. Шералиев, С. Назаров, Ш. Султонов, И. Одинаев, К. Раззоқов, Ҳ. Шамсов, ва Л. Гулмамадов мебошанд. Дар ин миёни Аъзам Лангариев, ки 24 сол дошта ва фарзанди Лангарӣ Лангариев, аз фармондеҳони Ҷабҳаи мардумӣ дар замони ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 мебошад, ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳ ҳамчунин ҳукми мусодираи дороиҳои ин афродро содир кардааст.

Аммо Саидкомил Қурбонов, яке аз вакилони мудофеъи Лангариев ва ҳамроҳони ӯ, ҳукми додгоҳ алайҳи ин афродро "хеле сахтгирона" хонда ва гуфтааст, ки ба зудӣ аз додгоҳ дархости таҷдиди назари ин ҳукмро хоҳад кард.

Маҳмадулло Юсупов, сухангӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон, гуфтааст, ин муҳокима дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар паси дарҳои баста таҳти раёсати Зафар Азизов, муовини раиси ин додгоҳ, анҷом шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар амалиёти нирӯҳои давлатӣ бо ин гурӯҳ, ки дар моҳи майи соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб рух дод, як корманди милиса кушта шуд ва ин гурӯҳ дар ин амалиёт дастгир шуданд. Онҳо дар содир кардани беш аз 40 ҷурм, аз ҷумла қатл, созмон додани гурӯҳи ҷиноӣ, тасарруфи ғайриқонунии амвол, нигаҳдорӣ ва ҳамли ғайриқонунии аслиҳа, лавозими ҷангӣ ва маводди мунфаҷира, қочоқи миқдори зиёде аз маводди мухаддир, роҳзанӣ ва даргирӣ бо нирӯҳои давлатӣ, муттаҳам шуда буданд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi