16:11:02 01-уми Июли 2025 сол

ГУФТУГӮЙИ ТЕЛЕФУНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ИЛҲОМ АЛИЕВ

Рӯзи чаҳоршанбе Президент Раҳмон бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, гуфтугӯйе телефунӣ анҷом додааст. Тибқи хабари дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои дуҷониба дар меҳвари ин гуфтугӯ қарор доштааст.

Он гуна ки сойти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон менависад, оқоён Раҳмон ва Алиев ҳамдигарро бо иди Фитр шодбош гуфтаанд. Ҳамчунин ду раиси ҷумҳур бо ёдоварӣ аз тавофуқоти ҳамкорӣ миёни кишварҳояшон раванди иҷрои ин санадҳоро дар гуфтугӯйи телефунӣ матраҳ кардаанд.

Президент Раҳмон бо ҳамтои озарбойҷонии худ ҳамчунин дар мавриди иҷрои бамавқеъи тавофуқоти миёни ду кишвар сӯҳбат карда ва имконоти истифодаи бештар аз захоири мавҷударо баррасӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, қарор буд, ки Илҳом Алиев дар ҳамоиши кишварҳои ҳамсуд дар шаҳри Душанбе ширкат кунад. Вале ахиран Озарбойҷон эълом кард, ки оқои Алев дар ин нишаст ҳозир нахоҳад шуд.

Аз ин рӯ, бархе аз коршинсон ҳадс мезананд, ки дар гуфтугӯйи телефунии имрӯз оқои Алиев ба Президент Раҳмон сабаби наомадани худ ба ин нишастро тавзеҳ додааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ