16:05:32 01-уми Июли 2025 сол

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДУ ИДРО БА ИСЛОМ КАРИМОВ ТАБРИК ГУФТ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар як барқия 20-умин солгарди истиқлолияти Узбакистонро ба раисиҷумҳури ин кишвар Ислом Каримов табрик гуфт.

Дар паёми табрикӣ гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ба анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва пайвандҳои ҳамсоягию ҳамҷаворӣ бо Узбакистон арҷ мегузорад ва хостори таҳиким онҳост. Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин Иди Фитр ё поёни моҳи Рамазонро низ ба ҳамтои худ табрик гуфт. Узбакистон 1-уми сентябр аз истиқлолияти худ таҷлил мекунад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ