01:22:24 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПРЕЗИДЕНТИ САЛИБИ СУРХ ДАР ХОРУҒ

Массимо Барра, президенти комиссияи байналмилалии доимии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҳангоми шиносоӣ бо кору фаъолияти Маркази мубориза бар зидди маводи мухаддири ВМКБ ва мулоқоташ бо рӯзноманигорон қайд намуд, ки мардуми шаҳри Хоруғ ва умуман Бадахшон дар фаъолияти худ дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом дода бошанд ҳам, нашъамандӣ ҳанӯз ҳам хатари ҷиддие барои сиҳати омма арзёбӣ мешавад.

/images/stories/2011/09/13_presidenti-salibi-surkh.jpgРӯзи 12-и сентябр Массимо Барра бо ҳамроҳии Зафар Муҳаббатов, котиби генералии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Бадахшон омаданд. Онҳоро раиси ВМКБ Қодири Қосим ба ҳузур пазируфт. Сипас онҳо бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ як мулоқоте барпо карданд, ки дар он оиди пешгирии бемории СПИД ва муҳофизат аз он сӯҳбат намуданд.

Меҳмонон  ба навоҳии дигари вилоят сафар карда бо мардум сӯҳбату мулоқотҳои мушобеҳе анҷом медиҳанд.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi