04:47:15 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗАВОҲИРӢ: БАҲОРИ АРАБӢ ЗАРБАИ САХТЕ БА АМРИКО БУД

Узви гурӯҳи террористии «Ал-Қоида», инқилобҳои кишварҳои арабиро сабаби тағйири арзёбиҳои Амрико ва зарбаи сахт бар ин кишвар донист.

/images/stories/2011/09/19_alzavohiry_19.9.2011.jpgТибқи гузориши «Форс», дар паёми сабти забтшудаи ҷадид, Аззавоҳирӣ бо ишора ба инқилобҳои кишварҳои арабӣ эълом карда, ки «баҳори арабӣ» зарбаи шадид бар сиёсатҳои Амрико буд.

Рӯзномаи «Роз ал-Юсуф»-и Миср бо интишори бахшҳои ин суханон навишта, ки Аззавоҳирӣ ба Сурия ишора кард ва гуфт, ки Амрико талош мекунад низоми ҷадиди ҷойгузини низоми Башор Асад дар Сурия кунад, то бад ин тартиб низоми ҷадид ҳофизи манофеъи Амрико ва Исроил бошад ва дар айни ҳол андаке озодӣ низ ба мардум медиҳад.

Бинобар ин гузориш, Аззавоҳирӣ таъкид карда, ки баҳори арабӣ ҳазорон зиндонии ҷунбиши исломиро, ки ба дастури мустақими Амрико дар зиндон буданд, озод кард.

Вай таъкид кард, ки иттифоқот ва инқилобҳои ахири минтақа ҳама арзёбиҳо ва сиёсатҳои Амрикоро барҳам зад ва тағйир дод.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi