00:14:50 03-уми Июни 2025 сол

ШАҲРДОРИ КӮЛОБ: БАРОИ МАҲБУСОНИ АФВШУДА КОР ПАЙДО КУНЕД

Ҳамид Абдуллоев, шаҳрдори Кӯлоб ба роҳбарони ҳамаи ниҳодҳо ва муассисаҳои шаҳр супориш додааст, то маҳбусонеро, ки дар пайи иҷрои қонуни афв озод шудаанд, вобаста ба тахассусашон ба кор бигиранд. Дар ин супориш омадааст, он идда аз зиндониёни афвшуда, ки тахассус надоранд, бояд то вуҷуди имкон “дар сохторҳои мувофиқ ба кор ҷалб карда шаванд.” Дар ин бора дафтари матбуъоти шаҳрдории Кӯлоб хабар дод.

Сӯҳробшоҳи Фаррухшо, сухангӯйи шаҳрдори Кӯлоб ба Би-би-сӣ гуфт, ин тасмими шаҳрдорӣ ба хотири ҷалби маҳбусони афвшуда ба зиндагии ҷомеъа ва “ҷилавгирӣ аз шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ” аст.

Оқои Фаррухшо мегӯяд: “Ин афрод қишри осебпазири ҷомеъа дар баробари таваҷҷӯҳи гурӯҳи ифротгаро ҳастанд. Барои иштибоҳ ё гуноҳе ки содир кардаанд, муддате аз ҷомеъа дур шуданд. Вале ҳоло ба таваҷҷӯҳи ҷомеъа ниёзи беш аз пеш доранд. Зеро дар акси ҳол бекориву бепулӣ ва ё доғи нанг дар миёни ҷомеъа метавонад онҳоро дубора ба олами ҷиноят тела диҳад.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Сайҷаъфар Юлдошев, мудири идораи додгоҳи шаҳри Кӯлоб тибқи қонуни афви ҷадид аз 20-уми август то 30-уми сентябри соли ҷорӣ ин қонун нисбат ба 91 сокинони шаҳри Кӯлоб, ки ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуда буданд, татбиқ шудааст.

Оқои Юлдошев гуфт, ки афроди афвшуда метавонанд тибқи тахассусе, ки доранд ба кор ҷалб шаванд, вале “то замони рафъ шудани доғи судӣ” ҳаққи кор дар ниҳодҳои қудратӣ ва интизомиро надоранд.

Дархости шаҳрдории Кӯлоб аз муъассисоти ин шаҳр дар бораи ҷалби афвшудагон ба кор дар ҳолест, ки яке аз мушкили аслии давлати ин кишвар таъмини шаҳрвандонаш бо ҷойи кори дорои музди коҷб барои гузарони рӯзгор аст.

Ҳарчанд вазорати кори Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар саросари ин кишвар танҳо 47 ҳазор бекор сабти ном шудааст, аммо теъдоди ғайрирасмии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия беш аз як милбн арзёбӣ мешавад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854