00:20:35 03-уми Июни 2025 сол

РАҲОИИ 7 МАРДИКОРИ ТОҶИК АЗ ҒУЛОМӢ ДАР КРАСНОДАР

Хадамоти муҳоҷирати Русия 7 мардикори тоҷикро, ки дар вилояти Краснодар иҷборан дар қароргоҳи як ширкати маҳаллӣ нигоҳ дошта мешуданд, аз банд раҳо кардаанд.

Раҳоии ин мардикорон бар асоси маълумоти дафтари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Маскав муяссар шудааст. Гуфта мешавад, масъулони ширкат шиносномаҳои мардикоронро гирифта, ба онҳо иҷозат намедоданд,  ки аз қароргоҳи ширкат хориҷ шаванд ё тарки кор кунанд.

Дар раҳоии ин 7 мардикор як созмони маҳаллӣ ва ҳам “Меҳри Сомониён”, ҷамъияти тоҷикони Краснодар саҳм гирифтаанд. Ҳар сол беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири рӯзӣ худро ба Русия мезананд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854