00:19:58 03-уми Июни 2025 сол

“БАРҚИ ТОҶИК”: МАҲДУДИЯТ БА ХОТИРИ ТАРМИМИ ВАСОИЛИ ФАННИСТ

Дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон сокинон бо камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ шудаанд ва шабона интиқоли нерӯи барқ ба манозили маскунӣ қатъ шудааст.

Рашид Гулов, сармуҳандиси ширкати “Барқи Тоҷик”, мавориди қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистонро таъйид карда ва гуфт, ки ин ҳодиса ба далели анҷоми корҳои тармими хутути интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ иттифоқ афтодааст.

Ба гуфтаи оқои Гулов, маъмулан дар остонаи фасли сармо хутут ва васоили интиқоли нерӯи барқ мавриди озмоиш қарор гирифта ва дар сурати кашфи навоқис онҳо тармим хоҳанд шуд. Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки ҳоло ҷараёни об дар рӯдхонаи Вахш тибқи меъёр буда ва дар ширкати “Барқи Тоҷик” мавзӯъи ҷорӣ кардани маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ матраҳ нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз манобеъи ин ширкат иллати қатъи интиқоли барқ ба бархе аз манотиқи кишварро кам шудани ҷараёни об дар рӯдхонаи Вахш хондаанд, ки гӯё ба коҳиши тавлиди барқ дар нерӯгоҳи “Норак” мунҷар шудааст.

Зимнан, дар соли гузашта маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон, ба истиснои шаҳри Душанбе, дар моҳи ноябр шурӯъ шуда буд ва ба манозили сокинон дар шабонарӯз ба муддати 12 соъат нерӯи барқ интиқол дода мешуд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854