00:19:34 03-уми Июни 2025 сол

САФАРИ НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ИМА МАРК ГРОССМАН БА ТОҶИКИСТОН

Намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон ва Покистон сафир Марк Гроссман барои дарёфти дурнамои Афғонистони бехатар, устувор ва шукуфон ба Тоҷикистон ташриф овард.

/images/stories/2011/10/08_mark_grossman_tajikistan.jpgЗимни вохӯрӣ бо Президент Эмомалӣ Рахмон сафир Гроссман омодагӣ ба Конфронси бехатарӣ ва ҳамкорӣ, ки дар дили Осиё шаҳри Истанбул 2 ноябр ва Конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба Афғонистон, ки дар шаҳри Бонн 5 декабр баргузор мегарданд, муҳокима намуда, барои дастгирии кӯшишҳои НАТО аз тарафи Тоҷикистон изҳори ташаккур кард ва масоили ба ҳарду тараф ташвишоварро баррасӣ намуд. Сафир Гроссман нияти дар оянда давом додани ҳамкориро бо ҳукумати Тоҷикистон такроран изҳор дошт. 

Баъд аз вохӯрӣ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон, сафир Гроссман қайд намуд: “Ман миннатдории худро аз дастгирии ҳукумат роҷеъ ба конфронсҳои дар Истанбул ва Бонн баён менамоям. Аз маслиҳатҳои Президент рочеъ ба "Роҳи нави абрешим" низ миннатдорам". 

Дурнамои "Роҳи нави абрешим" ин ӯҳдадориҳои муштарак барои ҷалб намудани сармоягузории шахсӣ, тақвияти савдо ва убури минтақавӣ ва мустаҳкам намудани шабақаи алоқаи минтақавӣ, ки манбаъҳои нави сармоягузории шахсии хориҷиро ҷалб менамояд ва бо бозорҳои хориҷӣ мепайвандад, мебошад. Дар ин муддат захираҳо, бозорҳо, имкониятҳои сармоягузории нав ва шукуфоии тамоми минтақа тавлид мешавад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854