ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ АЛАЙҲИ РАҲБАРИ ШИРКАТИ “ТК-МОБАЙЛ”
Додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар қиболи Сюн Няншен, мудири кулли ширкати муштараки иртибототии “ТК-Мобайл” ба иттиҳоми сарпечӣ аз иҷрои мусаввабаи додгоҳ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Гуфта мешавад раҳбари ин ширкат мусаввабаи додгоҳи ноҳияи Сино дар бораи ба ҷойи кории қаблиш барқарор кардани Ҷамшед Иброҳимов, корманди пешини ин ширкатро, иҷро накардааст. Оқои Иброҳимов ба ҳангоми сафари хидматӣ ба ноҳияи Данғара, дар ҷануби Тоҷикистон, дучори сонеҳаи утумубилӣ шуда, шадидан захм бардошта ва ба муддати 6 моҳ бистарӣ шуда буд.
Аммо пас аз бозгашт ба маҳалли кор Сюн Няншен, мудири кулли ширкати муштараки иртибототии “ТК-Мобайл” қарордоди ӯро лағв кардааст. Зулфия Давлатбекова, дабири ин ширкат, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ дар мавриди боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи раҳбари ширкати “ТК-Мобайл” ибрози беиттилоъӣ кард.
Хонуми Давлатбекова гуфт, ки ҳоло Сюн Няншен, мудири кулли ин ширкат, дар Тоҷикистон ҳузур надошта ва аз ин лиҳоз, масъулони “ТК-Мобайл” аз ҳар гуна ибрози назар дар ин замина худдорӣ мекунанд. Ширкати мухобиротии муштараки Тоҷикистону Чин мавсум ба “ТК-Мобайл” аз соли 2004 дар бозори иртибототи Тоҷикистон фаъъолият дорад.
Би-Би-Си