23:58:02 02-уми Июни 2025 сол

ТӮҲФАИ ПРЕЗИДЕНТ РАҲМОН БА АНВАР ЮНУСОВ

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи як маҷмаи варзишӣ дар шаҳри Душанбе ба Анвар Юнусов, муштзани тоҷик мошини сабукрав тақдим кард. Анвар Юнусов ҳафтаи гузашта дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку, маркази Озарбойҷон, соҳиби медали биринҷӣ шуд ва ҳамзамон роҳхат ба Олимпиадаи Лондон–2012-ро ба даст овард.

Дар ҳоли ҳозир Анвар Юнусов пас аз Дилшод Назаров, раҳбари Федератсиюни варзишҳои сабук ва гуразандози маъруфи тоҷик, дуввумин варзишгари тоҷик аст, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 шудааст. Вай соли 2008 низ дар бозиҳои олимпии Пекини Чин ширкат дошт. Ин муштзани тоҷик, ки ҳамагӣ 24 сол син дорад, моҳи августи соли ҷорӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Куриёи Ҷанубӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта буд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ҳангоми ифтитоҳи як маҷмаи нави варзишӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе варзишгарони кишварро "ба фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар ва парафшон кардани парчами Тоҷикистон дар арсаҳои минтақа ва ҷаҳон" даъват намудаст.

Бино ба қавли ин манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки дар 5 соли оянда танҳо аз ҳисоби буҷаи кишвар барои муҳайё намудани шароити муосири тамрин барои варзишгарон 400 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. “Аз варзишгарон танҳо машқу тамрин, ҳунарнамоии олӣ ва фатҳу зафар талаб карда мешавад”,-изҳор доштааст оқои Раҳмон.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854