БОЗДОШТИ ДУ АФСАРИ МИЛИСА ДАР ХАТЛОН
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ду афсари баландрутбаи милиса дар ҷануби кишвар бо иттиҳоми ришвахор ва сӯистифода аз мақом ва талош барои қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд.
Хабаргузории «Азия Плюс» аз қавли як намояндаи додситони вилояти Хатлон навиштааст, алайҳи Нуриддин Наботов, сардори муваққати шӯъбаи вазорати умури дохила дар ноҳияи Қумсангир ва Муҳаммад Шарипов, сардори бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ҳамин шӯъба парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Замони боздошти афсарони милиса маълум нест, вале ба гуфтаи хабаргузорӣ, баъди боздошти ҳарду чанд сокини ноҳия аз амалкардҳои онҳо ба додситонӣ шикоят бурдаанд.
«Озодӣ»