ҲУКМИ ЗИНДОНИ “АМИР” ВА СЕ АЪЗОИ ҲИЗБИ ТАҲРИР
Додгоҳи Cуғд чаҳор узви Ҳизби Таҳрирро, ки тобистони имсол боздошт шуда буданд, аз 20 то 22 соли зиндон маҳкум кард. Абдунабӣ Абдулқодиров, Иброҳимбек Маҳмудов, Яҳёхон Раҳмонхӯҷаев ва Талъат Мавлонов барои "ташкили гурӯҳи ҷиноӣ", "барангехтани хусумати милливу мазҳабӣ", "иштирок дар созмонҳои экстримистӣ" ва ҳамчунин "даъват ба сарнагунии сохти конститутсионии давлат" муҷрим шинохта шудаанд.
Тибқи қарори Додгоҳи вилояти Суғд Абдулқодиров ва Раҳмонхӯҷаев 20 сол ва Мавлонову Маҳмудов 22 соли умри худро пушти милаҳои зиндон сипарӣ хоҳанд кард. Додгоҳ ҳамчунин гуфт, ки амволи ин афрод бар фоидаи давлат мусодира шуда, онҳо ҳуқуқи фаъолият дар ҳамагуна иттиҳодияи диниро батамом аз даст додаанд. Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, дар соли 2010 алайҳи навад узви гурӯҳҳои ифротгаро дар ин вилоят парванда боз карда буд, ки 42 парванда ба аъзои Ҳизби Таҳрир марбут аст.
Соли 2001 мақомот фаъолияти аъзои Ҳизби Таҳрирро мамнӯъ эълон карда, соли 2008 онро ба феҳрасти созмонҳои экстримстӣ шомил намуданд. Дар тӯли даҳ соли мамнӯъияти ин ҳизб дар Тоҷикистон садҳо аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Таҳрир дар манотиқи мухталифи кишвар, махсусанд дар Суғду Хатлон, боздошт ва ба зиндонҳо афканда шудаанд.
Дар чанд соли пеш Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нашри адабиёти таблиғкунандаи ин ҳизб, ба мисли "Низоми ҳокимият дар ислом", "Садо аз қаъри зиндонҳо", "Госаппараты халифата", "Пиндорҳои Ҳизби Таҳрир", "Назарҳои сиёсии Ҳизби Таҳрир", "Ислом низоми", "Ислом давлати", "Демократия низоми куфр аст"-ро, ба забонҳои узбакӣ ва тоҷикӣ барои амнияти миллии Тоҷикистон хатарзо номид.
Ин аст, ки аксар пайравони Ҳиби Таҳрир барои содир намудани аъмоли ғайриқонунӣ, назири паҳн кардани шабномаҳо, адабиёти мазҳабӣ ва давъат барои сарнагун кардани низоми демократии кишвар, боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон гардиданд. Вале ин мамнӯъиятҳову боздоштҳову муҳокимаҳои аъзои Ҳизби Таҳрир дар ҳолест, ки ин ҳизб ахиран маҷаллаи худро ба забони тоҷикӣ ва бо номи "Субҳи хилофат" интишор намуд.
«Озодӣ»