МУЗОКИРОТ ДАР БОРАИ ГУШОИШИ ХАТТИ ҲАВОИИ ХУҶАНД-ТАБРЕЗ
Як ширкати ҷаҳонгардии шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон икдоме барои гушоиши хатти ҳавоӣ бо шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд кардааст. Дар ин бора, ба Би-би-сӣ Бобоҷон Икромов, раиси дафтари иқтисодии Эрон дар шимоли Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи оқои Икромов, "ҳоло намояндагони як ширкати ҷаҳонгардии шаҳри Табрез барои бастани шартнома бо ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ва фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд машғул ҳастанд". Ҳамчунин оқои Икромов афзуд, ки ин амр барои густариши равобит ва ҷаҳонгардӣ миёни шаҳрҳои Табрез ва Хуҷанд мусоъидат хоҳад кард.
Зимнан, пешниҳоди гушоиши хатти ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Табрез ва Хуҷанд, дар мулоқоти Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон ва Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ироа шудааст. Дар авоили даҳаи 2000 барои муддате миёни шаҳри Хуҷанд ва Машҳади Эрон парвози ҳавопаймоҳо роҳандозӣ шуд, вале ба далоили камбуди мусофирон, ин хатсайр судовар нашуд ва ширкати "Тоҷик Эйр" барои қатъи парвозҳо дар ин масир водор шуд.
Маркази матбуъоти раиси вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот, Қоҳир Расулзода ба сафири Эрон ва Ҳусайн Наҷафӣ, сарпарасти кулли Кумитаи Имдоди Имом Ҳумайнӣ барои "ҳамкории беғаразона ва дастгирии иҷтимоъӣ, таъсиси ҷойҳои нави иштиғол, иқдомоти бунёди корхонаҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ кардааст".
Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, гуфтааст, дар вилояти Суғд чанд корхонаҳои муштараки ду кишвар фаъол буда ва дар назар аст, ки теъдоди ин коргоҳҳо ба маротиб афзоиш ёбанд. Ҳамчунин оқои Шеърдӯст таъкид дошт, ки намояндагии Бонки милли Эрон дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки ҳайъате аз намояндагони Эрон дар ҳамоиши ифтитоҳи хатти интиқоли шабакаи обӣ нӯшокии "40-солагии Дилварзин" дар ноҳияи Мастчоҳ ширкат кардаанд.
Зимнан, шаҳрҳои Хуҷанд ва Табрез бародаршаҳр ҳастанд ва Камоли Хуҷандӣ, шоъири қарни XIV мутаввалиди ин шаҳри шимолии Тоҷикистон аст ва дар шаҳри Табрез ба сар бурдааст. Оромгоҳи ин шоири бузурги тоҷик низ дар Табрез воқеъ аст. Ин дар ҳолест, ки қарор аст 19-умит октябр дар шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии Табрез дар Тоҷикистон оғоз ёбанд.
Би-Би-Си