00:16:01 03-уми Июни 2025 сол

"БРИТАНИЯ АЗ ШАРИКОНИ МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВРУПО АСТ"

Эмомалӣ Раҳмон Британияи Кабирро «аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» хонд. Ин ҳарфи раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе зимни мулоқоти ӯ бо Алан Данкан, Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ садо дод.

Эмомалӣ Раҳмон зимни дидору гуфтугӯ бо ҳайати бритониявӣ, аз ҳукумати ин кишвар барои кӯмакҳои техникӣ ба Тоҷикистон сипосгузорӣ намуда бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ ва сармоягузорӣ ба барномаҳои бузургу миёна дар Тоҷикистон таъкид намуд.

Дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо вазири давлатии Британияи Кабир ҳамчунин доир ба мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ , гуфтугӯҳои судманд сурат гирифтааст.

Алан Данкан рӯзи 17-уми октябр бо як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шуд. Қарор аст ҷаноби Данкан бо мақомоти дигари тоҷик низ мулоқоту гуфтугӯҳо анҷом дода аз шимоли кишвар дидан намояд. Ҳадаф аз ин сафари ҷаноби Данкан, ҳамоҳанг кардани ҳамкориҳои ҳукумати Британия бо Тоҷикистон дар амри рушд ва ислоҳи бахши иқтисод унвон шудааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854