00:15:44 03-уми Июни 2025 сол

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК – ҚАҲРАМОНИ ГӮШТИИ КАМАРБАНДИИ ҶАҲОН

Маҳмудҷон Миров, паҳлавони тоҷик қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гуштии камарбандӣ гардид. Ин сабқати ҷаҳонӣ бо ширкати 160 гӯштигир аз 19 кишвар дар пойтахти Қирғизистон-шаҳри Бишкек баргузор шуд.

Ба гуфтаи Анвар Қосимов, раиси Федератсияи гуштии камарбандии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа кишвари моро 18 варзишгар таҳти раҳбарии мураббиён Шавкат Заринов, Сафар Тошмуродов, Мақсуд Ашӯров ва Фурқат Қаландаров намояндагӣ карданд.

Сабқати мардон дар ду навъ-тарзи озод ва классикӣ сурат гирифт. Паҳлавони тоҷик Маҳмудҷон Миров дар рақобатҳо дар вазни то 100 кг бо тарзи классикӣ дар даври ниманиҳоӣ бар рақибаш Гантумур Даштаваа  (Муғулистон) пирӯзӣ ба даст овард ва ба финал баромад. Маҳмудҷон дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гӯштигири Русия Роман Юсупов ғолиб омад ва бо медали тило сарфароз гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҳусниддин Тошмуродов дар вазни то 90 кг дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Ринат Ахметшини русиягӣ мағлуб шуд ва мақоми дуввумро касб кард. Ба ӯ медали нуқра супурда шуд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854