00:00:15 03-уми Июни 2025 сол

ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН ВОРИДИ ДУШАНБЕ ШУД

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико соати 8 шоми рӯзи ҷумъа вориди Душанбе-пойтахти Тоҷикистон шуд. Хонум Клинтонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҳамроҳхон, Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон истиқбол кард.

/images/stories/2011/10/21_hillary-clinton-tajikistan.jpgҲамчунин дар фурудгоҳ ба пешвози  котиби давлатии ИМА, Роберт Блейк-фиристодаи вижаи ИМА дар Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ ва Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон низ омадаанд. Ин дар ҳолест, ки соате қабл Департаменти давлатии ИМА аз сафари Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ин кишвар ба Тоҷикистон ва Узбакистон хабар дода буд.

Сафорати Амрико дар Душанбе бо пахши изҳороти Виктория Ҳуланд, сухангӯи Котиби давлатии ИМА гуфт, ки Ҳилларӣ Клинтон рӯзҳои 22 ва 23 октябри соли 2011 ба Тоҷикистон ва Узбекистон сафар мекунад. Бар пояи ин изҳорот, хонум Клинтон дар ҷараёни сафараш дар Тоҷикистон бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот мекунад.

Интизор меравад, дар ин мулоқотҳо масоили мухталифи марбут ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА ва ҳамкориҳои минтақаӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигиранд. Ҳамчунон мулоқоти  котиби давлатии ИМА бо намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар назар аст. Хонум Клинтон аз Исломобод ба Тоҷикистон сафар мекунад ва ба дунболи он ба Узбакистон  хоҳад рафт.

Дар изҳороти сухангӯи котиби давлатии ИМА омадааст, ки Ҳилларӣ Клинтон дар Узбакистон бо раиси  ҷумҳур Ислом Каримов ва вазири корҳои хориҷӣ Элёр Ғаниев дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ҳамчунон Ҳилларӣ Клинтон аз корхонаи ҷадиди "Ҷенерал Моторз Пауертрейн" дар Тошканд дидан намуда, оғози "Барномаи соҳибкории технологӣ дар Осиёи Марказӣ" ва "Мусобиқаи Техно-Прайз"-ро эълон мекунад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854