00:06:50 03-уми Июни 2025 сол

СӮХТОР ДАР БОЗОРИ ШАҲРИ ХОРУҒ

21-уми октябр соати 11- шаб дар бозори шаҳри Хоруғ сӯхтор ба амал омад. Ҳарчанд хадамоти оташнишонии шаҳр се адад мошини оташнищонӣ ва тамоми ҳайати идораро барои хомӯш кардани ин сӯхтор сафарбар карда бошад ҳам, вале ба онҳо танҳо соати 6-и субҳ муяссар шуд, ки аз идомаи сӯхтор пешгирӣ намоянд.

/images/stories/2011/10/22_bozori_khorugh_1.jpgТибқи маълумоти пешакӣ 18 мағоза, як анбор ва чаҳор ошхона ба куллӣ ба коми оташ рафтаанд. Ба гуфтаи оташнишонҳо оташсӯзӣ тақрибан 1 ҳазору панҷсад метрии мураббаъро фаро гирифтааст. Сабаби сар задании сӯхторро оташнишонҳо дар ба ҳам хӯрдани ноқилҳои барқӣ дар яке аз ошхонаҳо гуфтаанд. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ ҳанӯз маълумоте ироа нашудааст.

Вале соҳиби яке аз мағозаҳо, ки нахост номашро бигирем, гуфт, ки дар мағозаи ӯ ба маблағи 120 ҳазор долллари амрикоӣ мавод ва 20 ҳазор доллар пули нақд мавҷуд будааст, ки дар ҳамин оташсӯзӣ ба куллӣ аз байн рафтаанд.

Алишер Ҷунайдов, Хоруғ, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854