00:20:55 03-уми Июни 2025 сол

ДАР ТУРКИЯ ШУМОРАИ КУШТАШУДАГОНИ ЗИЛЗИЛА АЗ 200 ГУЗАШТ

Дар зилзилаи шарқи Туркия шумораи ҳалокшудагон ба бештар аз 200 нафар расидааст. Идрис Наим Шаҳим-вазири корҳои дохилӣ таъйид кард, ки шумораии кушташудагон дар шаҳраки Эрҷис ба 117 ва дар шаҳри Вон ба 100 нафар расидааст.

Шаҳри Вон маркази вилояти Вон аст ва дар он як миллион нафар аҳолӣ ба сар мебарад. Ба гуфтаи вай, дастикам 1 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар зилзилае, ки шиддати он 7,2 дараҷаи ҷадвали Рихтер будааст, биноҳо фурӯ рехтаанд. Гурӯҳҳои наҷот тамоми шаб бо корҳои наҷот машғул буданд. Матбуоти Туркия гуфтааст, ки нируи барқ ва иртиботи телефонӣ дар ин шаҳр қатъ шудааст.

НАТО, Чину Ҷопон, Амрико ва Озарбойҷону кишварҳои аврупоӣ ба Туркия барои рафъи оқибатҳои зилзилаи марговар пешниҳоди кӯмак кардаанд. Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон, ки солҳост бо Туркия хусумат дорад, дар як сӯҳҳбати телефонӣ ин фоҷеаро ба Абдулло Гул-раиси ҷумҳури Туркия таслият гуфт. Соли 199 дар ду зилзилаи шадид дар Туркия бештар аз 20 000 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854