“РУСТАМ ВА СӮҲРОБ” БА ТОШКАНД РАФТ
Театри русии ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе барои ширкат дар Ҷашнвораи байналмилалии театрии "Theatre.UZ/2011"-и Ӯзбакистон озими шаҳри Тошканд шуд.
Ба гуфтаи масъулони Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, театри ба номи Маяковский аз маъдуд театрҳои ин кишвар аст, ки дар солҳои ахир дар ҷашнвораҳои театрии Ӯзбакистон ҳунарнамоӣ мекунад.
Ин театр дар Ҷашнвораи байналмилалии “Theatre.UZ/2011” дар шаҳри Тошканд, ки аз 17 то 26 идома хоҳад дошт, намоишномаи “Рустам ва Сӯҳроб”-ро пешкаши тамошочиён хоҳад кард.
Дар ин ҷашнвора дар канори 13 театри шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Ӯзбакистон театрҳои Олмон, Бритониё, Исроил, Укройн, Тоҷикистон ва Озарбойҷон низ ширкат доранд.
Зимнан, театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов низ дар ҳафтаи ҷорӣ дар Ҷашнвораи “Теотрҳои ҷавони Русия” дар шаҳри Омски Русия бо намоишномаи “Рустам ва Сӯҳроб” ширкат хоҳад кард.
Ин намоишнома дар соли 2009 соҳиби ҷоизаи Ҷашнвораи "Даҳаи Фаҷр", ҷашнвораи байналмилалии ҳунари театрӣ дар Эрон шуда буд.
Би-Би-Си