МАРКАЗИ ДУШАНБЕ БИДУНИ БАРҚ МОНДААСТ
Бино бар хабарҳои расида, дар натиҷаи як садама маркази шаҳри Душанбе, аз ҷумла Кохи раёсатҷумҳурӣ, Вазорати дифоъ ва чандин идораву муассисаи муҳими Тоҷикистон қариб се соат аз нерӯи барқ маҳрум шуданд.
Сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" ба хабарнигорон гуфтааст, бар асари сарнагун шудани як крани борбардор ба рӯи хатти баландшиддати барқ дар сохтмони иншооте дар наздикии Кохи раёсатҷумҳурӣ қисми бештари пойтахти Тоҷикистон бидуни барқ монд.
Вале, афзуд Нозирҷон Ёдгорӣ, ба идораҳои давлатӣ ва иншооти стратегӣ аз тариқи хатти иловагӣ барқ дода мешавад. Шоҳидон мегӯянд, троллейбусҳо аз ҳаракат монда, чароғакҳои роҳ кор намекунанд. Чанд дастаи тармимгарон талош доранд, пайомади садамаро рафъ намоянд.
«Озодӣ»