05:47:03 14-уми Июни 2025 сол

КӢ РАИСИ НАВИ КОМИҶРОИЯИ ҲХДТ ШУД?

Имрӯз ҷаласаи комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид. Муовини раиси комиҷроияи марказии ҲХДТ Асрор Латифов ҷаласаро ифтитоҳ намуда гуфт, ки раиси комиҷроияи ҲХДТ дар вилоят Бибихон Азизова бо мақсади барқарор кардани сиҳатиаш ба КИМ ҲХДТ ариза пешниҳод кард ва хоҳиш намуд, ки ӯро аз вазифааш озод намоем.

Раиси ҳизб хизматҳои шоёни Бибихон Азизоваро қадр намуда, ӯро бо Ифтихорномаи ҲХДТ тақдир намуд. Ба раисии комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд номзадии Даврон Зоҳидов пешниҳод гардид. Иштирокдорони ҷаласа тибқи Оиннома бо овоздиҳии кушод ба ҷонибдории номзад овоз доданд.

Узви раёсати КИМ ҲХДТ, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар суханронии худ ба Бибихон Азизова барои фаъолияти пурсамараш сипосгузорӣ карда, дар бораи фаъолияти кумиҷрояи ҲХДТ дар вилоят, ширкати фаъоли аъзоёни ҳизб дар масоили мухталифи иҷтимоӣ, пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ андешаҳояшро баён намуд.

Бекназари Абӯбакр, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854