14:49:18 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

ҲУКУМАТИ ИМА: ТАЪҒИРСОЗИИ ҶОМЕА ТАВАССУТИ ТЕАТР

Барномаи театри ҷавонон “Сулҳ” (ТҶС), ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва Барномаи пастсозии сатҳи истифодабарии нашъа, ки аз ҷониби Сафорати ИМА маблағгузорӣ мешавад, усули театри ҷавононро барои дастгирии ҷавононони тоҷик истифода мебаранд.  Бо ин восита ҷавонон ҳамсолони худро ба муҳокимаи ҳолатҳои низоъ ва зарари нашъамандӣ  ҷалб мекунанд. 

/images/stories/2011/12/02_usaid_11211.jpgБарномаи  ТҶС аз усули “Такя ба санъат” истифода мебарад ва мақсадаш тақвияти пешгирӣ кардани низоъ байни сокинони деҳот мебошад. Саҳначаҳо барои тағйирдиҳии рафтори ҷавонон мусоидат мекунад. То имрӯз иштирокчиёни барномаи ТҶС бештар аз 125 саҳначаҳои театри “Форум”- ро ба зиёда аз 22 000 тамошобинони вилоятҳои Суғд ва Хатлон намоиш доданд.

Иштирокчиён инчунин тахминан 60 семинар дар мавзӯъҳои театрӣ ва пешгирӣ кардани низоъ гузарониданд, ки аксари онҳоро наврасон ташкил намуданд, ва дар натиҷа бештар аз 800 наврас ва зиёда аз 85 шахси калонсол аз омӯзиш гузаштанд.  Мувофиқи нақшаи барномаи театри ҷавонон “Сулҳ” 27 клуби драмавӣ дар мактабҳо, марказҳои ҷавонон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) таъсис дода шуд.

Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА дар чаҳорчубаи барномаҳои барои паст намудани талабот ба маводи нашъаовар, лоиҳаи такшилоти ғайридавлатии Маркази ҳуқуқи кӯдаконро ( МҲК) барои паҳн намудани паёми зидди нашъамандӣ бо намоишҳои театрӣ дар байни ҷавонон ва гурӯҳҳои осебпазир маблағгузорӣ кард. 

Ҳадафи лоиҳа ба ҷавонписарон ва ҷавондухтарони аз 10 то 18 - сола рост омада, бо мақсади онҳоро аз нашъамандӣ ва нашаъаҷалобӣ пешгирӣ намудан равона карда шудааст.  Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии маҳаллӣ "Ғамхори", Маркази ҳуқуқи кӯдакон иқдоми таълимро дар мавзӯи хатари истеъмоли нашъа гузаронда истодааст, ки ба воситаи ҷалб намудани "гурӯҳҳои мобилии чавонон " намоишҳои театриро ба донишҷуён, оилаҳо, коргарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони динӣ ва сиёсӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Хатлон нишон медиҳанд.  

Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб барои амалӣ гардонидани барномаҳои дастгирии рушди институтҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва иқтисодиёт дар Тоҷикистон тақрибан 984 милион доллар ҷудо намудааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi