18:45:31 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САФАРИ САФИРИ БРИТАНИЯИ КАБИР БА ВОДИИ ЗАРАФШОН

Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Тревор Мур дар якҷоягӣ бо кормандони Сафорат ва Намояндагии Вазорати рушди байналхалқии Британияи Кабир (ВРББ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз водии Зарафшон дидан намуд.

/images/stories/2011/12/06_posol-england_1_2011.jpgСафир дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент як қатор вохӯриҳо гузаронид. Гурӯҳи корӣ бо масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ин минтақа шинос шуд ва рафти амалӣ гаштани кӯмакҳоеро, ки аз тарафи DFID дар доираи Барномаи рушди иқтисодии деҳот (RGP) маблағгузорӣ шудааст, аз назар гузаронид.

Дар доираи Барномаи рушди иқтисодии деҳот, ВРББ ва Барномаи рушди СММ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент ҷиҳати беҳтар намудани банақшагирӣ, амалисозии Барномаи рушди ноҳияҳои мазкур ва дастгирии соҳибкории хурд тавассути пешкаш намудани қарзҳо ва маслиҳатҳои техникӣ аз ҷониби мутахассисон аз наздик хамкорӣ карда истодаанд.

Сафир ва ҳамроҳонаш бо  Рустам Раҳматов, раиси ноҳияи Айнӣ машварати корӣ доир намуданд. Рустам Раҳматов ҳайати намояндагиро бо дастовардҳои имрӯзаи ноҳия шинос намуд. Ҳамон рӯз ҳайати расмӣ бо Гурӯҳи корӣ оид ба тартиби лоиҳаи Барномаи рушди ноҳияи Айнӣ вохӯрӣ намуд. Дар ҳамон рӯз ҳайат ба фаъолияти ширкати “COMSUP”, ки ба коркарди маъданҳои кӯҳӣ машғул аст, низ ошно гардид.

/images/stories/2011/12/06_posol-england_2_2011.jpgРӯзи дигар ҳайати Сафорати Британия Кабир бо гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди ноҳияи Панҷакент вохӯрӣ намуд, ки дар он муваффақиятҳои Барномаи рушди ноҳия ва амалигардонии он муҳокима шуданд. Ҳангоми вохӯрӣ бо ҷаноби Хусрав Абдуназаров, Раиси ноҳияи Панҷакент ҳайати меҳмонон бо дастовардҳои ноҳияи Панҷакент ва водии Зарафшон шинос гардиданд.

Сафир ҳамчунин аз макони бостонии Панҷакенти қадим дидан кард ва бо профессори тоҷик, Шароф Қурбонов мулоқот намуд. Номбурда меҳмононро бо идомаи пажӯҳиши пурарзиши бостоншиносӣ шиносоӣ намуд. Сипас, Тревор Мур ва ҳайати корӣ ба студияи телевизиони маҳаллии «Сино» ташриф оварданд. Раҳбари студия, ҷаноби Ғайбулло Муҳаммадиев оид ба телевизиони «Симо» ва фаъолияти имрӯзаи он ба сафир иттилоъ дод.

Баъдан, ҳайати корӣ аз Асосиасияи истифодабарандагони оби “Одил Темур”, ки дар доираи Барномаи рушди иқтисодии деҳот сармоягузорӣ шудааст, дидан намуд. Меҳмонон ҳамчунин бо намояндагии VSO, ташкилоти ғайридавлатии британӣ, ки бо Федератсияи Асосиатсияи истифодабарандагони об дар Панҷакент ҳамкорӣ дорад, вохӯрӣ намуданд.

Баъдан, Сафир бо намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии ноҳияи Панҷакент сӯҳбат орост ва дар вохӯрии мустақим бо иштироки донишҷӯён ва муаллимони Донишгоҳи Омӯзгории Панҷакент ширкат варзид.

“Рӯзгор”


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi