05:07:18 14-уми Июни 2025 сол

ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН АЗ ИНТИХОБОТИ РУСИЯ ИНТИҚОД КАРД

Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон-вазири хориҷаи Амрико аз интихоботи порламонии Русия, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, интиқод кард ва онро ғайриодилона хонд.

Вай зимни суханони худ дар Вилнюс дар мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои САҲА, ки кишварҳояшон бар ин интихобот назорат мекарданд, бори дигар интиқодоти худро такрор кард ва гуфт, райи интихобкунандагони Русия бояд мавриди таҳқиқ қарор бигирад, зеро райи онҳо дасткорӣ шудааст.

Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия дар пойтахти Литва дар ин мулоқот ширкат дошт. Ин ду вазир ба нақша нагирифтаанд, ки ба таври алоҳида бо якдигар мулоқот кунанд. Ҳизби “Единая Россия”-и нахуствазир Владимир Путин қисмати аъзами курсиҳоро дар Думаи Давлатӣ ба даст овардааст. Вале мухолифон мегӯянд, дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ додаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854