05:03:01 14-уми Июни 2025 сол

МУРОФИАИ ДОДГОҲИИ МУҲАББАТ ҶӮРАЕВА ДАР ХУҶАНД ОҒОЗ ШУД

Рӯзи сешанбе дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳии Муҳаббат Ҷӯраева-муассиси нахустин додгоҳи ҳакамӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд. Ҷӯраева раиси додгоҳи ҳакамии вилояти Суғд аст ва барои сӯистифода аз мақом гунаҳгор дониста мешавад.

Дар догоҳи ҳакамӣ маъмулан намояндагони муътабар аз дохили мардум масъалаҳои баҳсангез ва муноқишаҳоро баррасӣ мекунанд ва ҷонибҳоро ба мусолиҳа меоранд. Додгоҳи ҳакамӣ ҳақи содир кардани ҳукмро надорад. 

30 декабри соли 2010 кормандони ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд бар зидди Ҷӯраева парванда боз карданд. Вале Ҷӯраева иттиҳмотро дар бораи суистифода аз мақом қабул надорад ва мегӯяд, парвандаи вай фармоишист.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854