05:14:26 14-уми Июни 2025 сол

“МАҲБУСОНИ ЗИНДОНИ ҚУРҒОНТЕППА ГУРУСНАНИШИНӢ НАКАРДААНД”

Бархе аз расонаҳои хабарӣ аз эътисоби ғазои иддае аз маҳбусони танҳо зиндони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъе пахш кардаанд. Расонаҳо бо истинод ба бархе аз маҳбусони ин зиндон навиштаанд, ки сабаби аслии ин эътироз эъмоли шиканҷа алайҳи маҳбусон ва мавориди фасод дар ин зиндон будааст.

Вале раиси зиндони шаҳри Қурғонтепппа хабари гуруснанишинии зиндониёнро такзиб кард. Шералӣ Қурбонов, рӯзи чаҳоршабеи 7 декабр дар суҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт: “Ҳоло додраси назорат ба вазъи зиндонҳо, додситонӣ аз ин муассиса дидан мекунад ва ҳеҷ хел гуруснанишинӣ дар миёни зиндониёнро пайдо накардааст.”

Оқои Қурбонов мегӯяд, ки боздиди додрас аз зиндон ба хотири хабари гуруснанишинии маҳбусон набуда ва мутобиқ бар низоми маъмули назорат бар вазъи зиндониён будааст. Дар соли 2005 дар зиндони Қурғонтеппа беш аз 20 нафар зиндониён барои бад будани шароити нигаҳдорӣ дар ин зиндон ва "беадолатии" зиндонбонҳо эътироз карда буданд. Вале кормандони ниҳодҳои интизомӣ эътирози зиндониёнро хомӯш карданд.

Дар ҳамин ҳол ҳафтаи қабл пайвандони Садриддин Тошев, зиндонии маҳбаси шумораи яки шаҳри Душанбе аз гуруснанишинии вай хабар дода будаанд. Аз сӯйи дигар, коршиносон мегӯянд, ки таъйиди хабарҳои мабнӣ ба гуруснанишии зиндониён ва ё эъмоли шиканҷа ба онҳо дар беш аз 10 зиндони Тоҷикистон мушкил будааст.

Аз ин рӯ аз чанд сол бадин сӯ масъулони созмони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз давлати Тоҷикистон дархсот доранд, ки боздиди кормандони ин созмон аз зиндонҳои ин кишвар ва мулоқоти як ба яки онҳо бо зиндониёнро иҷоза диҳанд. Аммо давлати Тоҷикистон ҳануз ба ин дархост посухи мусбат надодааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854