06:16:29 14-уми Июни 2025 сол

МЕДВЕДЕВ: ДУМАИ ДАВЛАТӢ БОЯД БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КУНАД

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, мутмаин аст, ки бо вуҷуди эътирозҳо ва шикваҳо аз тақаллуб дар интихобот ҳайати нави Думаи давлатӣ бояд ба фаъолият шурӯъ кунад.

Дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Прага ӯ гуфт, ки ҳоло муҳимтар аз ҳама ором кардани асабҳост. Дмитрий Медведев намоишҳои эътирозии мухолифинро хоси ҷомеъаи демократӣ номид ва таъкид кард, ки ҳама қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот тафтиш карда мешаванд.

Аз ин пеш Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, ба изҳороти дигар аз раҳбарони Русия – сарвазир Владимир Путин посух дод, ки дар ангехтани эътирозҳои баъдазинтихоботӣ дар кишвараш мақомоти Амрикоро айбдор кардааст.

Хонум Клинтон дар нишасти хабарӣ дар Брюссел гуфт, ки "мо нигарониҳои худро аз шеваи баргузории интихобот баён кардем, ки фикр мекунем, заминаҳои кофӣ доранд. Ва мо аз ҳаққу ормонҳои мардуми рус ба пешрафт ва бунёди ояндаи беҳтар барои худашон ҳимоят мекунем ва мо умедворем, ки иҷрои онҳоро дар солҳои оянда бубинем.”

Владимир Путин гуфта буд, ки вазири умури хориҷии Амрико ба мухолифини ҳукумати  Русия барои эътирозҳо “сигнал додааст.”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854